Ороишоти мавзуии «Об-манбаи ҳаёт», «Гулҳои Хуҷанд», «Соли 2017-Соли ҷавонон», «20-солагии Ваҳдати миллӣ» дигар манзараҳои дилфиреби аз гулҳои зинда ва меваҳои шаҳдбор офаридаи гулдастони воќеии вилоят тамошобинони сершумор ва меҳмонони хориҷиро мафтун карданд.
Аз рӯи номинатсияҳои «Ороиши беҳтарин бо гулҳо» шаҳри Хуҷанд, гармхонаи «Баҳористон» ва шаҳри Истиқлол, аз рӯи номинатсияи «Гулдастаи беҳтарин» ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва шаҳри Панҷакент, аз рӯи номинатсияи «Экибанаи беҳтарин» шаҳри Гулистон, ноҳияи Бобоҷон Ғафурову шаҳри Конибодом, аз рӯи номинатсияи «Ороиши беҳтарин бо мева» ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ашт, аз рӯи номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин» шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанду Исфараро ғолиб дониста шуданд.
Аксари ғолибон бонувони гулсиришту гулдаст буданд, ки ба онон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷоизаҳо супурд.