Ин рӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Хабаровск дар ҳамбастагӣ бо диаспораҳо фестивал-озмуни «Таомҳои миллӣ», «Бо забони модариам шеър мехонам», «Модар, ту офтоби манӣ» ва ғайраҳо баргузор гардида истодаанд, ки дар ин чорабиниҳо Моҳтоб Ғафурова ташаббуси пешсаф буданро аз даст надода, бо пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ, аз қабили оши палову мошкичирӣ ва шакароб, ки хусусияти парҳезӣ дошта аз алафҳои табиӣ ва шифобахши табиати афсонавии Тоҷикистон омода мегардад, сазовори ҷои аввал гардид.
Дар як суҳбати кӯтоҳ М.Ғафурова чунин ибрози назар кард: «Мо ҳамчун зан-модари дурафтода аз Ватан мехоҳем ба дигар халқу миллатҳо меҳмондӯстии тоҷикона, покизарӯзгориву отифагии занона, маърифату ватандӯстиамонро нишон бидиҳем. Дар фестивали «Бо забони модариам шеър мехонам», духтарчаи 10 солаи тоҷик - Шаҳноза Рустамова шеърҳоро бо забони модариамон чунон бомаҳорат қироат кард, ки ҳайати ҳакамон бо як овоз ҷои аввалро ба ӯ лоиқ донистанд. Бисёре аз фарзандони мо, ин ҷо ба дунё омадаву дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд, вале мо, модарони тоҷик дур аз Ватан ҳам, ки бошем, талош мекунем оташи урфии меҳру садоқат, меҳмоннавозии тоҷиконаро бо ҳама суннатҳояш ҳифз ва ба дили фарзандон ҷо намоем.