Дар ҳайати корвони мазкур зиёда аз 100 нафар фаъолзанони шаҳру навоҳии вилоят шомил буда, бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коргарони корхонаву ташкилотҳо ва хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ноҳияи Шаҳритӯс суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Гуфта мешавад, ки фаъолон дар суҳбат бо мардум оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва моҳияти таърихии он дар бақову пойдории миллату давлатдории тоҷикон ибрози андеша хоҳанд кард.
Тибқи нақшаи таҳиягардида роҳбарзанони фаъол, ки худ дастпарвари даврони соҳибистиқлолии ин кишваранд,аз дастовардҳои замони осоиштагии кишвар ва нақшу мақоми бонувони Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ табодули афкор намуда, мардумро ба ҳифзи сулҳу осоиштагӣ, саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар руҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ даъват менамоянд.