Ба гуфти манбаъ ташкили чунин хизматрасониҳои сайёр дар муайян намудани саривақтии бемориҳои занона, қалбу асаб, саратон ва дигар бемориҳои сироятӣ мусоидат менамудааст. Тибқи иттилоъ аллакай маротибаи дуюм тавассути Корвони саломатӣ беҳтарин мутахассисони соҳа барои расонидани хизмати тиббӣ ба шаҳру навоҳии дурдасти вилояти Хатлон сафар мекунанд.
Қайд мешавад, ки ниммаи аввали рӯзи баргузории Корвони саломатӣ дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа 350 нафар сокинон аз ташхиси гуногуни тиббӣ гузашта, дар ин рӯз амалиёти ҷарроҳии 10 нафар бемор анҷом дода шуд.
Тавре аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, рӯзҳои наздик Корвони саломатӣ ба ноҳияҳои сарҳадии Панҷ, Носири Хусрав ва Шаҳритусу Қубодиён сафар хоҳад намуд.