Дар озмун маҳсули эҷоди қаламкашон дар жанрҳои шеърӣ, очерк, эссе ва лавҳа ба нашр расиданд. Ҳадаф аз озмун арҷгузорӣ ба Зан – Модар, бозгӯи нақши бонувон дар таърих ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар амри ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои Ваҳдат ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвар мебошад.
Баъд аз таҳлилу нақд ва арзёбӣ бо қарори ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаи маҷалла барои шеъри „Ҳамсоя“ ба шоираи саршинос Гулрухсор муносиб дониста шуд. Дар бахшҳои дигар Сабрин (наср), Саодат Исматова (назм) ва Гулчеҳра Муҳаммадиева (наср) ғолиб омаданд.
Аҳли эҷоди маҷалла барои ширкати фаъол аз тамоми қаламкашон сипосгузор буда, ғолибони озмунро таҳният мегӯяд.