Дар раддабандии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) мавқеи аввалро бори дуюм паи ҳам Финляндия соҳиб мегардад. Дар ҷойи дуюм Амороти Муттаҳидаи Араб ва дар ҷойи сеюм Исландия қарор гирифтаанд.
Ба қатори даҳгонаи беҳтарин кишварҳо - Оман, Гонконг, Сингапур, Норвегия, Швейтсария, Руанда ва Қатар шомил шудаанд. Эстония дар ин рейтинг мақоми 15 ва Латвияву Литва муттаносибан ҷойҳои 40-ум ва 42-юмро ишғол карданд. Россия дар ҷойи 109-ум қарор гирифтааст.
Сатрҳои охирро ҳамчун кишварҳои ноамнтарини ҷаҳон Салвадор, Яман ва Колумбия касб кардаанд.
Ҳангоми тартиб додани рейтинги мазкур ҳамасола коршиносон вазъи ҷинояткорӣ, терроризм ва низоъҳои ҳарбиро дар кишварҳои мавриди назар ба инобат мегиранд. Ёдовар мешавем, ки Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ як созмони ғайриҳукуматӣ буда, мулоқоти роҳбарони кишварҳо, сиёсатмадорон ва коршиносони маъруфро ҳамасола дар Давос баргузор мекунад. Онҳо зимни ин вохӯриҳо мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ мешаванд. Ҳазорҳо созмонҳои бузургтарини олам аъзои форуми мазкур буда, дар рафти кори он дар баробари ҷомеашиносону сиёсатмадорон, рӯзноманигорон низ иштирок менамоянд.