Дар маросими рӯнамоии китоби «Сарнавишт» аҳли қалам аз корнамоиҳои Мастура Ашӯрова сухан карданд. Аз ҷумла, Зулфия Атоӣ, шоири халқии Тоҷикистон чунин қайд кард:
- Зиндагиномаи ин бонуи сиёсатмадор, модари мушфиқ ва сарвари ғамхору сахтгир, ки баҳри шукуфоии кишварамон содиқона хизмат кардаанд, мактаби таљрибаест барои наслҳои имрӯзу оянда. Сарнавишти Мастура Ашӯрова дарси ватандориву матонат барои љавонон аст.
Хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии №50 – и шаҳри Душанбе дар охири ҳамоиш саҳначаеро бо номи «Маро ба Тољикистон баред», ки марбут ба қалами бону М.Ашӯрова аст, ба маърази тамошо гузоштанд, ки ба ҳамагон хело писанд омад.