Роҷеъ ба муроҷиати шаҳрвандон мавсуф иброз дошт, ки дар соли 2016 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3 ҳазору 553 нафар барои кӯмак муроҷиат кардаанд. Муроҷиати шаҳрвандон бештар вобаста ба ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминот аз ҷониби падар ва модар рабт доштааст. 6 мактуби вобаста ба мавзӯи шиканҷа низ ворид гаштааст, ки ҳоло барои баррасӣ ба мақомоти прокуратура ирсол гардидаанд.
Зариф Ализода ёдовар шуд, ки ҷиҳати таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар назди ин мақомот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки минбаъд ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои кӯдакон амал хоҳад кард.