Дар мизи мудаввар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонону бонувон ва ходимони дин ширкат намуда, атрофи ин мушкилоти рӯз фикру андешаҳояшонро иброз намуданд.
Нафиса Юнусова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба мавзӯи муошират бо ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ чунин изҳори андеша кард, ки бояд онҳо аз нигоҳи равонӣ дастгирӣ шаванд ва ҷомеа нисбати зарардидагони оилавӣ бетараф набошанд.
Номбурда иброз дошт, ки бекорӣ ва бармаҳал бунёд кардани оила ба парокандашавии оила мерасонад. «Аз ин хотир, волидайн ба устуворӣ ва мустаҳкамии оилаи фарзандонашон бояд аҳамият диҳанд ва пеши роҳи зӯровариро дар хонавода бигиранд», - қайд кард равоншинос.