Ба гуфти ӯ айни замон дар Хадамоти алоқа ва серсохторҳои он 2925 нафар кору фаъолият доранд, ки аз ин шумор 1177 нафарашон бонувон мебошанд. Дар маҷмӯъ дар ҳама ширкату сохторҳои соҳаи алоқаи кишвар беш аз 6 ҳазору 254 нафар кору фаъолият доранд, ки аз ин 2 ҳазору 246 нафар ё худ 35,9 дарсадро занону духтарон ташкил медодаанд.
- Роҳбарияти Хадамоти алоқа дар интихоби кадрҳо пеш аз ҳама ба ҷалби бештари занону духтарон аҳамият медиҳад. Ин нукта махсус дар Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид шуда буд, - қайд кард А.Абдураҳмонзода.