Тавре Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи мазкур иброз дошт, аз 5 ҳазору 670 нафар кадрҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои давлатӣ 1 ҳазору 18 ё худ 17,39 дарсади онро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 11 зан дар мансабҳои сиёсӣ, 96 нафар дар вазифаҳои сатҳи олии соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд.
Ба гуфти манбаъ аз 11 ҳазору 668 хизматчиёни мақомоти марказии давлатӣ 2645 нафарашон бонувонанд. Аз ин шумора 485 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ бошад 960 нафар ё худ 26 дарсади вазифаҳои давлатиро занон ишғол намудаанд. Аз 1180 роҳбарони сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар 234 нафарашон бонувон мебошанд.