Ба гуфти Ҷ. Каримзода танҳо дар дастгоҳи марказии Вазорат 6 нафар бонуи ихтисосманд ба ҳайси муовини Вазири молия ва роҳбарони раёсату шуъбаҳо фаъолият доранд. Инчунин, 3 нафар занон вазифаҳои мудири раёсату шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияи кишварро ба ӯҳда доштаанд.
- Шумораи умумии бонувони роҳбар дар ҳама зерсохторҳои Вазорати молия ба 384 нафар мерасад. Дар доираи ҳамкориҳо бо Институтҳои байналмиллалии молиявӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувон, мо вазифадорем, ки баробарии гендериро дар ишғоли вазифаҳои соҳаи молия таъмин намоем. Аз ин лиҳоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби духтарони лаёқатманд як бахши муҳими фаъолияти кории мо ба ҳисоб меравад, - иброз дошт Каримзода.