Мавсуф қайд кард, ки бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани бонувон дар ҳамкорӣ бо агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, зардӯзӣ, қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ амал мекунанд, ки бонувони бекор ба омӯзиш ҷалб мешаванд. Феълан дар 4 гурӯҳ 80 бону ба касбомӯзӣ машғуланд.
Дар иртибот ба корхонаи дӯзандагии «Шарофат», ки соле қабл ба кор шурӯъ карда буд, Раиси шаҳри Ҳисор гуфт:
- Аз он ки коргоҳи дӯзандагии «Шарофат» марбут ба «Тоҷпромбонк» аст, бо сабаби норасоии имконоти молӣ ин корхона муваққатан баста шуд. Ҳоло ба хотири дастгирии бонувон ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ тасмим гирифтаем, ки корхонаи мазкурро дар ояндаи наздик ба кор дароварда барои 400 нафар зан ҷои кор фароҳам орем.