Ба гуфти Усмонзода таҷрибаи мазкур дар шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд амалӣ гардида, зиёда аз 100 ҳазор ҳисобкунакҳои муқаррарӣ бо воситаҳои муосир иваз карда шуданд. Дар натиҷа, сарфакории нерӯи барқ аз ҷониби муштариён риоя ва пардохти саривақтии маблағи хизматрасонӣ 95 дарсад таъмин гардидааст. Масъулин бар ин боваранд, ки гузаштан ба системаи электронии тақсимоту таъмини барқ имкон медиҳад теъдоди нозирону ҷамъоварандагони маблағҳои истифодаи барқ коҳиш ёбад.
Тавре зикр гардид, бо ба истифода додани Маркази барқӣ ва гармидиҳии шаҳри Душанбе моҳона то 10 миллион кВт нерӯи барқ сарфа ва имкони бардоштани маҳдудияти барқ дар минтақаҳои кишвар фароҳам омад. Тибқи нишондод айни замон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта об дар обанбори Норак 3 метр баландтар аст.