Шералӣ Қурбонов гуфт, ки дар КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон 391 роҳбалад кор мекунад, ки 90 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Аз байни онҳо 22 нафар дар вилояти Суғд, 68 нафари дигар дар минтақаҳои назди Душанбе фаъолият мебаранд.
- Ба занони роҳбалад имтиёз дода шудааст, ки дар қатораҳои наздишаҳрӣ, дар дохили Душанбе кор кунанд. Айни ҳол бонувони роҳбалад дар хатсайрҳои дохили кишвар, қатораи наздишаҳрии «Душанбе-Пахтаобод», ки ҳамарӯза аст, ҳамчунин хатсайри «Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб» хизмат мерасонанад. Ин имкон медиҳад бонувон дар як рӯз рафта баргарданд, - илова намуд Шералӣ Қурбонов.