- Имрӯз 621 зан дар вазифаҳои роҳбарии ноҳия кору фаъолият доранд. Онҳо вазифаҳои бар зиммаашон вогузоршударо муваффақ амалӣ менамоянд - мегӯяд Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ.
Раиси ноҳия аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки «ин масъалаи доғи рӯз моро ба ташвиш овардааст. Дар соли 2016 аз шумули ҷавонони дар хориҷ таҳсилкунанда 188 нафар барои таҳсили ғайрирасмии динӣ дар хориҷ ба ватан бозпас оварда шуданд.