Тибқи иттилои манбаъ айни ҳол ҳудуди 37,5 дарсади кормандони Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-ро бонувон ташкил медиҳанд. Аз 914 бонувони ихтисосманд 27 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Ҳамчунин дар нишаст қайд гардид, ки “Амонатбонк” аз ҳисоби зиёд будани истифодабарандагони кортҳои бонкиаш байни дигар бонкҳо дар ҷои аввал қарор дорад. Гуфта мешавад, ки дорандагони кортҳои пардохтии бонкии он ба 1,2 миллион нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2015 - 284 ҳазор ё 31 фоиз зиёд мебошад.