Нусратулло Давлатзода қайд кард, ки соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 6200 ҳолати бидуни қайд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор шудааст. Мавсуф аз иҷроиши номукаммали нақшаи андози иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла қайд кард:
-Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар давраи ҷамъбастӣ ба андозаи 89, 1 фисад таъмин шуд, ки ин нисбати соли пешин 169 миллион сомонӣ кам мебошад. Сабабҳои асосии таъмин нашудани нақшаи андози иҷтимоӣ таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ва вобаста ба ин раванд бад гардидани шароити молиявии андозсупорандагон мебошад. Музди меҳнат дар аксар корхонаҳо коҳиш ёфт ва ихтисори кормандон ҳам дар бархе аз корхонаҳо сурат гирифт, ки ин дар таъмини нақшаи андози иҷтимоӣ бетаъсир намонд.