Дар хусуси мушкилоти ҷойдошта ҳарф зада, номбурда қайд кард, ки техникаҳои соҳаи коммуналӣ имрӯз дар ҳолати начандон хуби корӣ қарор доранд.
-Бештар вақт мардум сари ҷамъоварии маблағи пардохти ҳаққи хизмати коммуналӣ норозигӣ изҳор менамоянд. Бояд қайд намоям, ки маблағҳои бадастомада барои ободонии муҳити зист сарф шуда, чун ҳаққи маоши рӯбандаҳо, гулпарварон, кормандоне, ки дар ободонӣ ва кабудизоркунии кишвар заҳмат мекашанд, пардохт мешавад, - гуфт А.Тағоймурод.