Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз раванди номатлуби бегонапарастию шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон коркарди механизми муосири иттилоотикунонии фаврии ҷавононро дида мебарояд. Вобаста ба ин Кумита дар соли 2017 якчанд тадқиқотҳои иҷтимоӣ гузаронида, аз рӯи натиҷаи он механизми муосири кор бо ҷавононро таҳия ва мавриди амал қарор хоҳад дод. «Барои амалӣ намудани ин иқдомҳо нерӯву имконоти кофӣ дорем», - мегӯяд А. Абдуллозода.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади фаъолнокии ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, дар соли 2016 аз ҷониби Кумитаи мазкур ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳудуди 800 чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, маърифатию сиёсӣ, илмию омӯзишӣ, фарҳангию фароғатӣ бо фарогирии беш аз 855 ҳазор наврасу ҷавон гузаронида шудааст.