Шоира Шаҳрия Аҳтамзод зимни суханронӣ қайд кард, ки Марямбонуро метавон ба қатори беҳтарин достоннависони муосири тоҷик шомил кард. Ба иқрори шоира Шаҳрия шеъри Марямбону вижагиҳое дар худ ниҳон доштааст.
Марямбонуи Фарғонӣ муаллифи китобҳои «Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон», «Хуморшикан», «Чаҳор қисса, «Шаҳболи хаёл», «Таманно» ва ду дафтари шеър бо номи «Исои ман шав» ва «Нури ахтарпораҳо» мебошад. Ӯ аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи ҶТ буда, барои нахусткитобаш «Афсонаи тамаддун» соҳиби ҷоизаи адабии байналмиллалии «Борис Пастернак» (1995) ва барои маҷмуаи «Шаҳболи хаёл» ба дарёфти ҷоизаи адабии «Садриддин Айнӣ» (2013) шарафёб гардидааст.