Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, баргузории форуми мазкурро нишонаи таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ баҳри фаъолияти пурҷанбаи бонувон дар раванди идоракунӣ дар арсаҳои гуногун арзёбӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», ки таккони бузург дар самти тақвияти сиёсати гендерӣ дар кишвар гашт, роҳро дар масири сиёсату роҳбарӣ барои занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баркушод.
Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун кишвари эътирофкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ба узвияти Коммиссияи СММ «Оид ба мақоми зан барои солҳои 2014-2018» пазируфта шуд. Зикр гардид, ки дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ амали зарурӣ дар самти уҳдадориҳои байналмилалии кишвар арзёбӣ мегардад.
Зокирӣ Раъно мутахассиси пешбари Раёсати ташкилию таъминоти фаъолияти судҳои суди вилояти Хатлон, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар тақвияту пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол иродаи ҳар нафар аз занони дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятдошта муҳиму зарурист.
Зимни тақдими сипосномаҳо ба бонувони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ раиси вилояти Хатлон пешниҳод намуд, ки аз ин пас чунин Анҷуманҳо ҳамасола дар ин нуқтаи маъмурӣ баргузор карда шаванд, то тавассути он нақши бонувон дар рушду пешрафти сохторҳои қудратӣ дар сатҳи лозим муаррифӣ гардида, дар ҷалби духтарон ба сохторҳои низомӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз расонаҳои хабарии вилоят даъват намуд, ки ба инъикоси ҳаматарафаи ҳаёту фаъолияи бонувони сохторҳои мазкур таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, бад - ин васила дар тарбияи ватанпарастию ҷалби духтарон барои кору хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомӣ саҳмгузор бошанд.