Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот чунин изҳори андеша кард:
- Рӯзи 1-декабр чун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории норасоии масъунияти одам дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. Дар иртибот ба ин сана аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия комплекси ташхисии сайёр ба истифода дода шуд. Қобили зикр аст, ки ин клиникаи мобилии дуюм буда, қаблан соли 2013 низ барои мардуми маҳалҳои дурдасти кӯҳистон ва деҳаҳо чунин намуди клиника ба истифода дода шуда буд. Ба хотири кам кардани шумори гирифторони ин маризӣ ва пешгирии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ сари ҳар вақт корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум роҳандозӣ менамояд. Аксарият аз оқибати маргбори бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) огаҳӣ доранд. Хушбахтона, бо ворид шудани клиникаи мобилӣ имкони саривақт ташхису табобат ва як андоза пешгирӣ аз ин бемориро пайдо намудем.
Лозим ба ёдоварист, ки ВНМО бо роҳи тазриқӣ ва алоқаи ҷинсӣ аз як нафар ба нафари дигар мегузарад. Ба гуфтаи коршиносон солҳои охир бо пайдо шудани доруҳои нави зиддивирусӣ табобати шахсони сироятёфта нисбатан имконпазир гардидааст.