Суфизода Давлат нафаре аз ҳакамони озмун, ки аз Кумитаи Ҷавонон Варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекард чунин иброз дошт: «Хусусияти Озмуни мазкур дар он аст, ки дар қатори толибилмони муассисаҳои пойтахт муҳасилини МТМУ ноҳияҳои дурдасти кишвар низ фаъолона ширкат карданд».
-Кумитаи Ҷавонон Варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд чунин чорабиниҳоро, ки дар баланд бардоштани шавқи эҷодии ҷавонону наврасон нақши муҳим мебозад бештар ба роҳ монанд.
Озмуни мазкур аз се давр иборат буда, аввал дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ва даври сеюми он дар китобхонаи наврасон ва бачагони ба номи Мирсаид Миршакар баргузор гардида буд. Мақсади озмун аз ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб эҳё намудани сунатҳои аҷдодӣ ва тарбия насли наврас дар руҳияи меҳандӯстию арҷгузорӣ ба арзишҳои миллист. Инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ ба хотири бедор намудани шавқи китобхонӣ миёни наврасон равона гардидааст. Дар ҷамъбасти Озмун ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.