Бо маҷаллаи «Хорпуштак» бонувони рассом низ ҳамкорӣ мекунанд, ки хонандагони маҷалла аз асарҳои ҷолибу дидании онҳо баҳраваранд. Аммо ба гуфти Ашрафи Афзал дар риштаи ҳаҷвнигорӣ занони эҷодкор ниҳоят камшуморанд.
Насиба Назарзода, хатмкардаи коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе, аз зумраи рассомонест, ки аз соли 2015 инҷониб дар маҷалла фаъолият дорад. Дар баробари фаъолияти эҷодӣ ӯ дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи санъат ва дизайн низ таҳсил дорад.
«Неруи эҷодии маҷаллаи «Хорпуштак» аз ҳисоби эҷодкорони ҷавон афзуда, ин нашрияи соҳибмактаб дар рушди санъати тасвирӣ дар кишвар саҳми муассир доранд», - мегӯяд рассоми ҷавон Меҳроб Азимов.
Кормандони ин маҷалла бо арҷгузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, ки омили побарҷо мондани ин нашрия аст, пайваста машғули эҷодиёт буда, сол аз сол хонандаи бештар пайдо мекунанд. Зеро камбудиҳо ва норасоиҳои ҷомеа дар шакли танз дар ин маҷалла ошкоро инъикос мегардад.