Тибқи маълумоти манбаъ қисми зиёди иншоот аллакай ба истифода дода шуда, биноҳои навбунёд то рӯзи 9-уми сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, дар рӯзи аввали соли хониш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бӯстони ноҳия ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, маблағи умумии он 2 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфти Акбар Кенҷаев то санаи ҷашни дарпешистода дар маҳаллаҳои гуногуни ноҳияи Файзобод якчанд коргоҳҳои дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, бо ин васила даҳҳо тан бонувони хонашин бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Ҳамчунин рӯзҳои наздик дар ҳудуди деҳоти Фатҳободу Мискинобод сехҳои истеҳсоли нӯшокӣ ба истифода дода мешаванд.