Қабл аз оғози барномаи идона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангӣ суханронӣ карда, нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо сокинони вилояти Хатлонро бо санаи муҳими таърихӣ ҷашни тақдирсоз — истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат орзу намуд, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.
Таъкид гардид, ки бо шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар ҳамаи иштирокчиёни барномаи фарҳангии идонаро бо ҷашну идҳои умумимиллӣ шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору побарҷо мемонад, ки мардум муттаҳиду сарҷамъ, зираку ҳушёр бошанд ва дар дохили давлат Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ҳукмрон гардад.
Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши рангини театрикунонидашуда оғоз гардид, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд.