Тайи се рӯз чиҳил нафар адрасбофон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар фароғатгоҳи «Чашмаи Деҳмой»-и ноҳия Ҷаббор Расулов гирди ҳам омада, давраҳои омӯзиширо фаро гирифта, аз таҷрубаи ҳамдигар ошно шуданд. Баъдан зимни як маҳфили бошукуҳ дар бинои «Кохи Рӯдакӣ»-и Хуҷандшаҳр ин бонувон маҳсули дастони хешро ба намоиш гузаштанд.
Зимни суханронии хеш дар ҳамоиши мазкур раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таъкид намуд, ки тибқи «Нақшаи таъсиси марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят мебоист 150 марказҳои таълимию истеҳсолии адрасу атласбофии дастӣ таъсис дода шуда, дар маҷмуъ, 3000 дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ насб карда шаванд. Зеро занону духтарони хонашин, ки теъдоди онҳо дар вилоят зиёда аз 210 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, бояд барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва соҳиб шудан ба касбу ҳунар, ҷойи корӣ ва даромади иловагӣ имконият пайдо намоянд. Имрӯз дар ҳудуди вилоят зиёда аз 150 марказҳои таълимию истеҳсолии адрасу атласбофӣ бо 442 дастгоҳҳои адрасбофӣ, 233 ҳунармандон, 1155 шогирдон ба дастгоҳҳо вобаста шуда, аз ҷумла, дар 52 маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ зиёда аз 700 нафар занону духтарон ҳунари қолинбофии дастиро азхуд менамоянд. Шоистаи таъкид намудан аст, ки маркази таълимию истеҳсолии “Дугонаҳо”-и ноҳияи Б. Ғафуров дар омода намудани устоҳои адрасу атласбоф на танҳо барои рушди ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд, балки берун аз он низ саҳми босазои худро мегузорад. Дар маркази мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 300 нафар, вилояти Хатлон наздик 130 нафар, ноҳияи Рашт 12 нафар, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 2 нафар, шаҳри Душанбе 18 нафар ва аз дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шогирдон нозукиҳои касби адрасу атласбофиро омӯхта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд ва дар марказҳои таълимию истеҳсолии шаҳру ноҳияҳо шогирдони зиёд тайёр мекунанд. Инчунин, бо мақсади рушди атласу адрасбофии дастӣ барои шаҳру ноҳияҳои Душанбе 28 адад, Қӯрғонтеппа 5 адад, Кӯлоб 3 адад, Роғун 3 адад, Рашт 17 адад, Ҳисор 3 адад, Восеъ 10 адад, Абдураҳмони Ҷомӣ 10 адад дастгоҳи атласу адрасбофии дастӣ омода ва дастрас карда шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои “Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” 10 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофии дастӣ ба марказҳои таъсисёбандаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тақдим карда шуд.
Сарвари вилоят ба ғолибон ҳадяи пулӣ ба маблағи аз як то панҷ ҳазор сомонӣ тақдим намуд. Сипас ба 30 нафар бонувон, ки мехоҳанд бо ташкил намудани марказҳои таълимӣ дар тавсиаи ин ҳунар ва омӯзонидани он ба дигарон саҳм гузоранд, грантҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки атлас ва адраси миллӣ аз замонҳои қадим дар рӯзгори мардуми тоҷик мақоми хоса дошт. Хусусан, шоҳӣ, атлас, адрас, подшоҳӣ, беқасаб, хоса,қоқӣ ва карбоси Хуҷанд, Конибодом, зарбофти Исфара, матоъҳои тибитӣ, қаламӣ, алоча, чити Истаравшан харидорони зиёд доштанд.
Алъон бо ташаббуси Сарвари давлат феҳрасти ин маҳсулот чун намунаи ҳунари волою қадима ва моли асили тоҷикӣ барои эътирофу қадршиносиӣ ба созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд.
Тилав РАСУЛЗОДА