Бино ба гуфтаи Давлат Хайрзода муовини аввали агентӣ аз маблағи умумии зарари молиявӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 34,7 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобӣ намудаи андозҳо 11,6 млн. сомонӣ, талафи пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва иҷораи амволи давлатӣ 21,5 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ 32,7 млн. сомонӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ 3,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар рафти тафтишу санҷишҳо 40,8 млн. сомонии он ба фоидаи давлат барқарор карда шудааст.
- Хусусан камбудию норасогиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла камомад ва тасарруфи маблағу воситаҳои давлатӣ дар рафти тафтиши фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ошкор карда шуданд, - қайд кард Д.Хайрзода.