Дар мавриди мақоми бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сухан карда, Усмонзода зикр намуд, ки айни ҳол ба ҳайси муовини Раиси Ширкати Барқи тоҷик як бону чанде аз бонувони кордон роҳбарии баъзе аз шуъбаҳои вазоратро низ ба зимма доранд.
Тибқи иттилои бадастомада айни ҳол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи барқу захираҳои обии шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар бонувон ҳузури камтаре доранд. Дар ин маврид вазир гуфт:
- Вобаста ба талаботи замон мо ба омодасозии бонувони кордон дар соҳаи барқу захираҳои об диққати ҷиддӣ дода, мутмаинем, ки дар солҳои наздик дар вазифаҳои роҳбарии Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар зерсохторҳои ин вазорат занони кордонро бубинем.