Вазири маориф ва илм зикр кард, ки масъалаи худкушии ноболиғон ин як мушкили илмист, ки бояд сабабҳояш аз ҷониби равоншиносону ҷомеашиносон омӯхта шавад. «Он омилҳои гунонгун дорад. Аз ҷумла, омили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ. Дар мо бештар омили равонӣ таъсиргузор аст. Аз ин хотир мо имрӯз ба Клиникаҳои равоншиносӣ эҳтиёҷ дорем», - қайд кард номбурда.