«Соли 2008 баъд аз қабул гардидани «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 7 ба 250 адад расонида шуд ва барои рушди минбаъдаи ин соҳа аз Федеретсияи Русия кирминамоҳича ворид гардид. Ҳоло дар ҶСК «Моҳии тоҷик»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навъҳои гуногуни моҳиҳо парвариш ёфта, дар оянда барои таъмин намудани моҳиҳои хушзот истифода мешаванд», - қайд кард А.Ғафуров.