Ба гуфти Аҳтам Абдуллозода, солҳои охир фаъолияти ихтиёриёни Бадахшон низ чашмрас шуда, ҷавонон тавассути гурӯҳҳои ихтиёрӣ дар корҳои ободонию сарсабзгардонии маҳаллаҳои вилоят саҳми худро мегузоранд.
- Имрӯзҳо беҳтарин ҷавонони ВМКБ дар муассисаҳои олии кишвар ва хориҷ аз он таҳсил доранд. Бо мақсади шиносоӣ аз шароити зиндагӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстона байни ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар соли гузашта 50 нафари ҷавонони ин вилоят ба оилаҳои дигар минтақаҳои кишвар фиристода шуда буданд. Ҳамчунин ҷавонони дигар шаҳру навоҳии кишвар чанд муддат дар меҳмонии хонаводаҳои сокинони ВМКБ қарор доштанд, -гуфт А.Абдуллозода.
Раиси ҷавонони кишвар қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи Футболи Тоҷикистон масъалаи рушди футбол дар ВМКБ низ матраҳ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ бо ибтикори Президенти кишвар дар арафаи 19 -умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар маркази ВМКБ маҷмаи бузурги варзишӣ бо харҷи 17 миллион сомонӣ сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки бунёди маҷмааи мазкур ба рушди волейболи духтарона замина мегузорад.