Инчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 121 нафар соҳибкорон дар ҳаҷми 106 млн. сомонӣ маблағ пешниҳод гардидааст.
Ҳакимзода қайд кард, ки «Амонатбонк» ба муштариён қарзҳои хурдеро бо фоизҳои нисбатан пасттар пешниҳод менамояд. «Ин намуди қарз бештар ба кормандони соҳаи маориф, тиб, нафақахӯрону эҳтиёҷмандон дода мешавад», - қайд намуд номбурда.