Ба гуфтаи Ш. Орумбекзода: «Дар нимсолаи аввали соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон», «Тараннуми Истиқбол», «Сайри гули лола» ва Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» баргузор гардиданд, ки аз ҷониби иштироккунандагон бисёр хуб истиқбол шуданд».
Ҳамзамон дар ин муддат, ҳунармандони муассисаҳои консертӣ бо барномаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Қатар, Қувайт ва Ҷумҳурии Туркманистон ва Сирки тоҷик дар кишвари Миср санъату фарҳанги тоҷикро бомуваффақият муаррифӣ намудаанд.