Тибқи иттилои агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 дар мақомоти давлатӣ барои ишғоли 1 ҳазору 973 мансаби холӣ озмун эълон шуд, ки ба 352 мансаб ҳуҷҷат насупориданд ва ба 1 ҳазору 621 ҷои кори холӣ бо иштироки 2 ҳазору 922 довталаб озмун гузаронида шудааст. Кайд гардид, ки 352 мансаби холӣ асосан дар маҳалҳо ба назар мерасад, ки он ҳам бошад вазифаҳои мутахасисони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои деҳот ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мебошад.
Ҷумъа Давлат инчунин қайд намуд, ки дар пайи натиҷаи озмунҳо 1 ҳазору 368 довталаб барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд ва 1 ҳазору 554 нафар бо далели надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахасусӣ аз озмун нагузаштанд.