Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳия, ҳама ободиҳоро аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дониста, баён дошт, ки: «Имрӯз дар ноҳия 159 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 119 мактаб, фаъолият мекунад, ки шумори умумии хонандагон 101984 нафарро ташкил мекунад. Соли ҷорӣ 18 нафар хатмкардаҳои макотиби ноҳия, аз ҷумла, 10 нафар духтарон, тибқи квотаи Президентӣ, барои идомаи таҳсил дар макотиби олии кишвар ҷалб шуданд».
Раиси ноҳия, аз масъулини ҳифзи муҳити зист, изҳори норозигӣ намуд, ки садди роҳи афроди моҳигир намешаванд. Ба гуфтаи М. Юсуфӣ: «Сокинон имрӯз бо ҳама гуна имконот моҳигирӣ намуда, дур нест, ки дар дарё тухми моҳиро нест кунанд. Ба моҳифурӯшӣ аслан кӯдакону наврасон машғуланд, ки ҳолати нигоҳдории моҳиҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест».
Дар хусуси сокинони хонаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида ёдовар шуда, раиси ноҳия қайд намуд, ки то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва шахсони саховатманд хонаҳо пурра аз таъмир бароварда шудаанд.