Дар нимсолаи аввал аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, 2704 ҳолати қонуншиканӣ гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 22 адад ҷиноят буда, аз он 13 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 2 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 5 ҳолати дигар ба ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут будааст.
- Дар нимсолаи аввали соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, моли пурра аз супоридни пардохтҳои гумрукӣ озод ба маблағӣ 148, 3 млн. доллари амрикоӣ ё ба андозаи 67, 4 % афзоиш ёфтааст, аз ҳамин сабаб 311, 0 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷҷети кишвар ворид нагардидааст, - қайд кард сардори Хадамоти гумрук.