Инчунин, тибқи омори Суди Олии Тоҷиикстон шумори ҳамагуна ҷиноятҳо, аз ҷумла: одамрабоӣ, парвандаҳои оилавӣ, ҳуқуқвай-ронкуниҳои маъмурӣ, риоя накрдани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» нисбати соли гузашта, зиёд шудааст. Хусусан одамрабоӣ имсол ба 44 парванда расидааст, ки нисбати соли гузшта 27 парванда зиёд мебошад. Ин ҳама сабаби афзоиши ҷиноятҳоро раиси Суди Олӣ дар зиёдшавии аҳолии Тоҷикистон донист. Ба гуфтаи ӯ: «ҳар сол дар Тоҷикистон 18 000 кӯдак ба дунё меояд, ки мусалламан аҳолї, ки зиёд шуд ҷиноят низ меафзояд».
Оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ба судҳо дар соли 2016 - 301 парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ворид шудааст, ки нисбати ашхоси қоновайронкунанда 292 нафарашон дар маҷмуъ ба маблағи 880.040 сомонӣ ҷамира карда шудаанд.