Имрӯз донишгоҳи мазкур бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Белорус, Украина, Словения, Англия, Фаронса, Шветсия, Лаҳистон, Олмон, Белгия, Итолиё ҳамкорӣ дорад, ки устодону донишҷӯён ба донишгоҳҳои ин мамолик рафта таҷриба меомӯзанд.
Имсол чор нафар аз донишҷӯёни ин боргоҳ дар барномаи Эрасмум ғолиб гардиданд, ки ҳоло дар Донишгоҳи Пизаи Италия таҳсил доранд. Ин теъдодро Шарифзода Муъминҷон хеле мусбат арзёбӣ намуд.
Бино ба гуфтаи ректори ДДТТ ҳамасола донишҷӯёни ин донишгоҳ дар озмунҳои фанниву варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Шоира Зулқайнарова, донишҷӯйи соли 3-ум, ба қатори 10 нафар варзишгарони беҳтарини соли 2015-уми кишварамон шомил гардида буд, имсол дар вазни 75 кг дар риштаи бокс сазовори ҷои аввал гардид.