- Бунёди ҷомеаи солиму маданӣ ва аз ҳар ҷиҳат пешрафта бидуни иштироку неруи созандаи занон имкон надорад. Аз ин рӯ, фаъолнокии бонувон дар корҳои динӣ ба хусус таълиму тадриси дини мубини ислом, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад, - қайд кард мавсуф.
Дар нишаст ҳамчунин қайд гардид, ки аз 1762 нафар донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон, 408 нафар ё худ 23,1 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумор 331 духтар дар шуъбаи рӯзона ва 77 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекардаанд. Дар Гимназияи исломии назди Донишкадаи исломии Тоҷикистон бошад, аз 87 нафар хонандагон 78 нафарашонро духтарон ташкил мекардаанд.