Дар баробари пешравиҳои улуми дақиқ Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки “Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ бори нахуст таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди инъикоси васеъ қарор дода шуд. Бори аввал асари бостоншиносии «Ёдгориҳои Кангурттут дар Ҷанубу Шарқи Тоҷикистон (аҳди неолит ва асри биринҷ)» ба забони тоҷикӣ интишор гардид. Корҳои ҳафриётӣ дар мавзеъҳои Торбулоқ ва Кангуртути ноҳияи Данғара, Фархор, Панҷакенти қадим, Саразм гузаронида шуданд. Олимони соҳаи фалсафа аввалин маротиба ҷилди 6-уми «Осори Ибни Сино» (иборат аз «Қиёс» ва «Бурҳон»), ҳамчунин ба забони русӣ «Сочинение Абуали Ибн Сина» (Силлогизм и Доказательство) ба нашр расониданд. Омода ва ба чоп тавсия шудани ҷилди 14, китоби дуюми асари «Қонуни тиб»-и осори Абуалӣ Сино низ яке аз чунин дастовардҳо ба шумор меравад”.
Инчунин эҳёи Расадхонаи “Санглох”-и Институти астрофизикаро, ки 8 июни соли 2016 дар АИ ҶТ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара, аз нав ба роҳ монда шуд аз беҳтарин дастовардҳо дониста, гуфт: “Расадхонаи байналмилалии “Санглох” аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо барқарор карда шудаст”. Расадхона дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, ки соли 1977 сохта шуда буд ва соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст. Расадхонаи Санглох инчунин дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси Олмон оварда шудааст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад. Сифати аксҳои ин телескоп тақрибан ба нишондодҳои телескопи қутраш 2-метра наздик мебошад.
Президенти АИ ҶТ қайд намуд: «Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2016 дар 19 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 рисола, аз ҷумла 16 рисолаи докторӣ ва 142 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 5 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 69 рисола, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ ва 63 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд, ки аз шумораи дифоъкардагон 15 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд”.