Инчунин дар идомаи суҳбат вазир дар мавриди кумакпулии хонандагон барои фонди мактабҳо ҳамагуна кумакпулиро ба ҷуз ҳаққи таълими забономӯзии берун аз таълими мактабиро ғайри қонунӣ хонд.
Оид ба сару либоси имсолаи мактабӣ вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт: «Либоси ягонаи мактабӣ, шароит фароҳам меоварад, ки дигар байни хонандагон бойиву камбағалӣ аз байн равад. Бо пӯшидани либояи ягонаи мактабӣ бою камбағал байни ҳам фарқ намегузоранд. Мо бо ҷорӣ кардани либоси ягона ва наандохтани зару зевар меҳоҳем зоҳиру ботини хонандагон зебо бошад».