Сармуҳаррири маҷалла, Шоҳона Одиназода, ки ҳамзамон сарвари ташкилоти ҳизбии муассиса интихоб шуд, қайд намуд, ки ҳайати эҷодӣ ба низомномаю фаъолияти ҳизб хуб ошноянд ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият медонанд. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки таъсиси ташкилоти нави ҳизбӣ дар назди маҷалла дар арафаи 10-солагии «Бонувони Тоҷикистон» рамзиву саривақтист.
Ташкилоти навтаъсиси ҳизбӣ бо дастгирии аъзоён номи «Бону»- ро гирифт.