Нависанда Муҳаббати Юсуф, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳию библиографии китобхонаи бачагона зикр намуд, ки адибони бачагона дар вохӯриҳои имсола баробари талқини эҷодиёти худ ва тақдими китобҳо ба кӯдакон, ба эҷоди наврасон низ мароқ зоҳир карданд.
Дар ҷамъбасти фестивал, ки дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев доир гардид, беҳтарин хонандагони фаъолу эҷодкор аз тамоми ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.