Бинои истиқоматӣ аз 18 хонаи сеҳуҷрагӣ ва 27 дуҳуҷрагӣ иборат буда, бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ қариб 15 миллион сомониро ташкил дода, бино дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи лоиҳаи бунёди бино, сифати кори бинокорон ва ороишу таҷҳизонидани ҳуҷраҳо бо ашёи лозимаи рӯзгор баҳои арзанда дод.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда, манзилҳои навро тӯҳфае дар рӯзҳои таҷлили 23 - юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ маънидод кард.
Гуфта мешавад, ки 45 оилаи муҳофизони сарбаланду сарфарози Ватан, ки аъзои он дар маҷмуъ беш аз 240 нафарро ташкил мекунад, бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили зист шуданд.