- Дар остонаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар ноҳия корҳои омодагӣ оғоз ёфта, дар ҳошияи он корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар 25 адад иншооти ҷашнӣ дар назар аст, - қаёд кард мавсуф.
Масъалаи дастгирии бонувон дар ҳама самтҳои фаъолият дар мадди назари роҳбарияти ноҳия қарор дошта, айни замон тибқи квотаи президентӣ 50 нафар духтарон дар макотиби олӣ таҳсил мекунанд. Ба хотири касбомӯзии духтарон дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 41 синфхонаҳои дӯзандагӣ, бо 117 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ба истифода дода шудаанд. Раиси ноҳия қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, ин ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷалб кардани бонувон ба шумор рафта, роҳбарияти ноҳия ба масъалаи тайёр ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд ва ба вазифаҳои роҳбаркунанда таъйин намудани онҳо диққати махсус медиҳад. Имрӯз дар ноҳия 620 бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.