Ректори Донишгоҳи миллии Точикистон, доктори илмхои филологӣ, академик Имомзода Муҳаммадюсуф зимни суханронӣ дар маросими видоъ аз марҳум чун инсони комили дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва муҳаққиқи асили бахши журналистикаи тоҷик ёдовар шуд. Ҳамин нуқта дар гуфтахои нависанда Абдулҳамид Самадов ва устоди факултаи рӯзноманигории Донишгохи миллии Тоҷикистон Сангини Гулзод ҳам зикр гардид. Аз ҷумла, Сангин Гулзод гуфт, ки кору пайкори шодравон Асадулло Саъдуллоевро дар факултаи журналистика шогирдону пайравонаш идома хоҳанд дод ва номи ӯ дар таърихи журналилтикаи тоҷик абадан нақш хоҳад ёфт. Воқеан А.Саъдуллоев устоди тамоми рӯзноманигорони солҳои 60-ум то инҷониб арзёбӣ мешавад. Ӯ дар соҳаи омӯзишу пажӯҳиши журналистикаи тоҷик корҳои назаррасеро ба сомон расонида, муаллифи даҳҳо китобҳову рисола, монографияву мақолаҳои илмист.
Марҳум аз солҳои 1965 ба узвияти Иттифоқи журналистон ва аз соли 1992 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 1998 соҳиби ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст.
Устодони факултаи журналистика Ҷовид Муқим, Саъдулло Ҳайдарӣ, Абдулмуъмин Қутбиддинов, рӯзноманигорон Манижа Қурбонова, Абдураҳмони Раҳмон, ки аз аввалин донишҷӯёни факултаи журналистика дар солхои 1987-1992 маҳсуб меёбанд, рӯзи видоъ аз хислатҳои неку инсони шариф будани устод А.Саъдуллоев ёдоварӣ намуданд.
Хотираи неки устод Асадулло Саъдуллоев дар дилу дидаи мардуми суханпарвари тоҷик то абад боқӣ хоҳад монд.