Ҳамчунин, ректори донишкада зимни нишаст қайд кард, ки дар давоми се соли фаъолият мушкиле дар самти таълиму тарбия пеш омаданд, ки бо кумаки Вазорати фаҳанг ва Вазорати маориф ва илм саривақт бартараф карда шуданд. Вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар самти ташкили мониторинги сифати таълим, идоракунии дурусти маркази электронии донишкада, кор дар бахши таҷрибаомӯзӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техники кафедраҳо, устохонаҳои таълимӣ ҷой доранд, иқрор шуд Ҷ.Ғанизода.
Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз оғози нишаст роҳбарияти донишкада намояндагони ВАО-ро бо маҳсули ҳунари донишҷӯён ошно сохтанд. Аз мушоҳида эҳсос шуд, ки майлу рағбати ҷавонон бештар ба ҳунарҳои ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, рассомӣ, дизайни либосу газвор, чӯбкорӣ ва кулолгарӣ зиёд аст.