Ҳамон тавре дар Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд иброз доштанд, ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи "Атлас ва адраси тоҷик" тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ба шумор меравад. Дар ҷашнвораи мазкур 9 нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо истифода аз 30 навъ матои атласу адрас либосҳои гуногуни миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас барои кӯдакону навҷавонон дӯхта шуда буданд, ба намоиш гузоштанд. Ба ғолибони озмун аз рӯйи бахшҳои гуногун ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10 ва 8 ҳазор сомонӣ муайян шуда, онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард. Ёдовар бояд шуд, ки ҳамакнун дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, дар назар аст шумораи онҳо то охири сол ба 150 адад расад. Дар ҳоли ҳозир наздик ба 600 нафар занону духтарон ба омӯзиши асрори ҳунари атласу адрасбофӣ ҷалб гардидаанд. Назар ба андешаи коршиносон, баргузории ҷашнвораи атласу адрас бо баробари такони ҷиддие додан ба рушди ин ҳунари аҷдодӣ, эҳёи суннатҳои миллии либосдӯзиву либоспӯшӣ, пешрафти иқтисоди миллии кишвар ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ барои бонувон, заминаи воқеиро барои шомил намудани ин матоъҳои миллии тоҷикӣ ба феҳрасти мероси фарҳанги ғайримоддии Бахши маориф, ҳунар ва илми СММ (ЮНЕСКО) фароҳам хоҳад овард.